КОЛИЧЕСТВО ПЕРСОНАЛА ГУП ДВК В 1-М КВАРТАЛЕ 2026 г.
АБОНЕНТОВ У НАС К КОНЦУ 1-ГО КВАРТАЛА 2026 г.
СЧЁТЧИКОВ МЫ УСТАНОВИЛИ ПО ВСЕМУ ГОРОДУ ДУШАНБЕ К КОНЦУ 1-ГО КВАРТАЛА 2026 г.
м³ ВОДЫ БЫЛО ПРОИЗВЕДЕНО ЗА 1-ЫЙ КВАРТАЛ 2026 г.
КМ ПРОТЯЖЕННОСТЬ СЕТЕЙ ВОДОСНАБЖЕНИЯ НА СОСТОЯНИЕ КОНЦА 1-ГО КВАРТАЛА 2026 г.
КМ ПРОТЯЖЕННОСТЬ СЕТЕЙ КАНАЛИЗАЦИИ НА СОСТОЯНИЕ КОНЦА 1-ГО КВАРТАЛА 2026 г.
СЛУЧАЕВ АВАРИЙНЫХ СИТУАЦИЙ УСТРАНЕНО НА ЛИНИЯХ ВОДОСНАБЖЕНИЯ
СЛУЧАЕВ АВАРИЙНЫХ СИТУАЦИЙ УСТРАНЕНО НА ЛИНИЯХ КАНАЛИЗАЦИИ
1 сентябри соли 2026, ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими тантанавӣ баргузор гардид.
Дар доираи ин чорабинии муҳим табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, директори КВД «Обу корези Душанбе» Саидзода Баҳром Барот, ба омӯзгорону хонандагони муассиса расонид.
Дар суханронӣ таъкид гардид, ки дониш чароғи роҳи фардо ва таҳсил пояи пешрафти ҷомеа мебошад. Имрӯз ҳар як хонанда бо қадами аввал ба олами илму маърифат ворид шуда, дар оянда метавонад бо дониш, истеъдод ва меҳнати созандааш дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузорад.

Рӯзи дониш барои ҳар як хонанда оғози марҳилаи нав, барои омӯзгорон масъулияти бузург ва барои падару модарон умеди фардои дурахшон аст. Миллате, ки ба илму маориф такя мекунад, ояндаи худро бо дасти хеш месозад.
Боиси ифтихор аст, ки дар шаҳри Душанбе барои таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва рушди иқтидори зеҳнии ҷавонон пайваста тадбирҳои созанда амалӣ мегарданд.
Бигзор соли нави таҳсил барои ҳар як хонанда соли дастовардҳои нав, қадамҳои устувор ва орзуҳои амалӣ гардад!
Дониш — қудрати миллат, маориф — пояи давлат ва насли соҳибмаърифат — кафили фардои ободи Тоҷикистон!
КВД «Обу корези Душанбе» аз тамоми муштариёни гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки маблағи истифодаи оби нӯшокиро сари вақт ва тибқи нишондиҳандаҳои обҳисобкунак тавассути Низоми ягонаи пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ пардохт намоянд.
🔹 Ҳадафи асосӣ — ба роҳ мондани низоми шаффофу муосири ҳисоббаробаркунӣ, ки дар он маблағи пардохтшаванда бар асоси нишондиҳандаи воқеии обҳисобкунак муайян карда мешавад.
🔹 Муштариёне, ки обҳисобкунак надоранд, бояд маблағи хизматрасонии обро тибқи меъёр ва тартиби муқарраргардида пардохт намоянд.
🔹 Пардохти ягона ба муштариён имкон медиҳад, ки маблағи хизматрасонии обро осон, шаффоф ва сари вақт пардохт намоянд.
🔹 Иҷрои саривақтии уҳдадориҳои пардохтӣ барои таъмини фаъолияти мунтазами низоми обтаъминкунӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ аҳамияти муҳим дорад.
🙏 КВД «Обу корези Душанбе» аз ҳамкории созанда ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як муштарӣ миннатдор аст.
ПАРДОХТРО САРИ ВАҚТ АНҶОМ ДИҲЕД —
БАРОИ ОБИ БОСИФАТ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ УСТУВОР!