«Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои захираҳои обӣ ҷонибдори истифодаи оқилона ва одилонаи захираҳои об мебошад»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маълумот оид ба фаъолияти КВД «Обу корези Душанбе»
барои семоҳаи 3-юми соли 2026

0

ШУМОРАИ КОРМАНДОН

0

ШУМОРАИ МУШТАРИЁН

0

ОБҲИСОБКУНАКҲОИ НАСБГАШТА

0

м³ ОБ ИСТЕҲСОЛ ШУД

0

КМ ДАРОЗИИ ШАБАКАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ

0

КМ ДАРОЗИИ ШАБАКАҲОИ ОБҲОИ КОРЕЗӢ

0

ҲОЛАТИ САДАМАВӢ ДАР ХАТҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ БАРТАРАФ КАРДА ШУДААСТ

0

ҲОЛАТИ САДАМАВӢ ДАР ХАТҲОИ КОРЕЗӢ БАРТАРАФ КАРДА ШУДААСТ

0

м3 ОБҲОИ ПАРТОВ ТОЗА КАРДА ШУДАНД

0

МУРОҶИАТИ МУШТАРИЁН КОРКАРД КАРДА ШУДАНД

0

ТАҲЛИЛҲОИ ЛАБОРАТОРИИ СИФАТИ ОБ ГУЗАРОНИДА ШУД

0

ТАҲЛИЛҲОИ ЛАБОРАТОРИИ СИФАТИ ОБҲОИ ПАРТОВ ГУЗАРОНИДА ШУД

Харитаи обтаъминкунӣ

Вазъи кунунии обтаъминкунӣ Дар Шаҳри Душанбе
Ҷустуҷӯ дар
Филтрҳо
Категории аварии

Ахбор ва навсозӣ

Хабарҳои охирин дар бораи фаъолияти ширкат
06 November 2026

Паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 6 ноябр

Муҳтарам кормандони КВД «Обу корези Душанбе»! Ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати яке аз санаҳои муҳими таърихии давлатдории миллӣ — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям!

Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат, рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, адолату баробарҳуқуқӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.

Ин санади тақдирсоз таҷассумгари ормонҳои волои миллати тоҷик, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди давлату ҷомеа мебошад. Эҳтиром ва риояи Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Дар ин рӯзи фархунда мехоҳам ба тамоми кормандони КВД «Обу корези Душанбе», ки бо заҳмати содиқона ва масъулияти баланди касбӣ барои таъмини сокинони пойтахт бо оби нӯшокӣ ва фаъолияти мунтазами низоми обу корез саҳми арзанда мегузоранд, изҳори сипос намоям.

Зеро об сарчашмаи ҳаёт ва хизмат ба мардум масъулияти бузург аст! Бигзор эҳтиром ба қонун, ҳисси баланди ватандӯстӣ, меҳнати содиқона ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳамеша роҳнамои фаъолияти ҳар яки мо бошад.

Дар ин рӯзи пурифтихор ба Шумо ва дар симои Шумо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, саодати оилавӣ, файзу баракат ва дар фаъолияти созандаатон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.

Бигзор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолу озодӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистони азизамон ҷовидона пойдор бошад!

🇹🇯 Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Бо эҳтиром, Директори КВД «Обу корези Душанбе» Саидзода Баҳром Барот

16 Октябри 2026

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ЕРЕВАН: ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ ВА ПИРЯХҲО ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРАНД

16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Сарвари давлат ба Ҳукумати Арманистон ва Котиботи Конвенсияи СММ барои ташкили сазовори ҳамоиш изҳори сипос карда, таъкид намуданд, ки ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Тоҷикистон мебошад. Кишвари мо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани афзалиятҳои миллӣ бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. То имрӯз дар Тоҷикистон 25 қонун ва санадҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ то соли 2040 қабул гардида, инчунин кишвари мо ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст. Дар ин росто, Тоҷикистон барои ҳифзи намудҳои нодири флора ва фауна таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, бо ташаббуси он Маҷмаи Умумии СММ 24 майро Рӯзи байналмилалии морхур эълон кард. Президенти кишвар тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити табиӣ ва истифодаи ғайриоқилонаи заминро омили манфии таъсиррасон ба экосистемаҳо номида, мутобиқшавӣ ба иқлимро ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати дарозмуддати Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Роҳбари давлат зарурати ҳамоҳангии талошҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои об, иқлим ва гуногунии биологиро таъкид намуданд. Дар тӯли беш аз 25 соли охир Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ, аз ҷумла дар доираи «Раванди оби Душанбе» ва Рӯзномаи-2030, дар пешбурди масъалаҳои об саҳми назаррас гузоштааст ва соли 2028 низ дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад. Дар ин замина, масоили обшавии пиряхҳо низ ҷузъи муҳими низоми табиӣ арзёбӣ шуда, бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034 эълон гардиданд. Дар фаровард, Президенти кишвар изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамоиши мазкур ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ такони нав хоҳад бахшид.

05 October 2026

Табрикоти директори КВД «Обу корези Душанбе» Саидзода Баҳром Барот ба муносибати зодрӯзи Пешвои миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шумо — роҳбари давлат ва Пешвои миллатро ба муносибати рӯзи мавлудатон самимона табрик намуда, бароятон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри пурбаракат, нерӯи созанда ва комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям.

Зери роҳбарии Шумо Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи созандагиву ободониро тай намуда, сулҳу ваҳдат, суботи ҷомеа ва рушди кишвар ҳамчун арзишҳои муҳими давлатдорӣ таҳким меёбанд.

Мо — кормандони КВД «Обу корези Душанбе» низ бо ҳисси баланди масъулият барои ободии пойтахт, таъмини сокинон бо оби нӯшокии босифат ва рушди инфрасохтори шаҳр саҳми худро мегузорем.

Бигзор Тоҷикистони азиз ҳамеша осудаву обод, сарбаланду пешрафта ва мардуми шарафманди он хушбахту сарҷамъ бошанд!

🎉 Зодрӯз муборак, муҳтарам Пешвои миллат!

Бо эҳтиром,
Саидзода Баҳром Барот
Директори КВД «Обу корези Душанбе»

Видео дар бораи кори мо

Бо ширкати мо ва равандҳои корӣ тавассути видео шинос шавед
Дастовардҳои мо
Хизматрасонӣ ба сокинон
293 054+
Километри шабакаҳо
1059.6
Солҳои кори боэътимод
50