Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» яке аз бузургтарин ва муҳимтарин корхонаҳои хизматрасонии коммуналии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, фаъолияти он дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии хушсифат ва истифодаи низому иншооти обтаъминкунӣ ва корез амалӣ карда мешавад. Таърихи рушди соҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе аз марҳилаҳои аввали бунёди пойтахт сарчашма мегирад. Бо васеъ шудани қаламрави шаҳр ва афзоиши шумораи аҳолӣ зарурати таъсиси низоми муосири обтаъминкунӣ ва безараргардонии об ба миён омад. Бо ин мақсад шабакаҳои нахустини обгузар ва иншооти техникӣ сохта шуданд ва баъд аз он соҳа тадриҷан рушд ёфт. Имрӯз КВД «Обу корези Душанбе» ҳамчун корхонаи муҳими коммуналӣ дорои шабакаҳои густурдаи обтаъминкунӣ, истгоҳҳои обкашӣ, иншооти тозакунии об ва шабакаҳои корезӣ мебошад. Корхона шабонарӯзӣ таъминоти бефосилаи сокинони пойтахтро бо оби нӯшокии хушсифат ба роҳ монда, хизматрасониҳои коммуналиро дар сатҳи баланд пешниҳод мекунад. Дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи обтаъминкунӣ ва корези пойтахт ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Дар ин давра даҳҳо километр шабакаҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ таҷдиду барқарор карда шуда, таҷҳизоти муосир насб гардид ва як қатор лоиҳаҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуданд. Дар айни замон, КВД «Обу корези Душанбе» ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, коҳиш додани талафоти об, бартарафсозии фаврии ҳолатҳои садамавӣ ва таъмини фаъолияти устувори низоми обтаъминкунӣ аз техника ва технологияҳои муосир истифода мебарад. Кормандони корхона шабонарӯз, дар ҳама гуна фасли сол ва шароити обу ҳаво барои фароҳам овардани зиндагии осудаи сокинони пойтахт меҳнат карда, дар пешрафти соҳа саҳми арзанда мегузоранд. КВД «Обу корези Душанбе» минбаъд низ фаъолияти худро ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии хушсифат равона хоҳад кард.
Таъмини стандартҳои баландтарини сифати оби нӯшокӣ
Кафолати обтаъминкунии бефосила 24/7
Мо дар назди сокинони шаҳр масъулияти иҷтимоӣ дорем
Ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об
Ошкоро нашр нақшаҳои ҳисобот ва нишондиҳандаҳои сифат
Создание Душанбинского управления водопроводно-канализационного хозяйства Создание Душанбинского управления водопроводно-канализационного хозяйства Создание Душанбинского управления водопроводно-канализационного хозяйства Создание Душанбинского управления водопроводно-канализационного хозяйства