October 16, 2026

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ЕРЕВАН: ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ ВА ПИРЯХҲО ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРАНД

16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Сарвари давлат ба Ҳукумати Арманистон ва Котиботи Конвенсияи СММ барои ташкили сазовори ҳамоиш изҳори сипос карда, таъкид намуданд, ки ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Тоҷикистон мебошад. Кишвари мо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани афзалиятҳои миллӣ бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. То имрӯз дар Тоҷикистон 25 қонун ва санадҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ то соли 2040 қабул гардида, инчунин кишвари мо ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст. Дар ин росто, Тоҷикистон барои ҳифзи намудҳои нодири флора ва фауна таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, бо ташаббуси он Маҷмаи Умумии СММ 24 майро Рӯзи байналмилалии морхур эълон кард. Президенти кишвар тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити табиӣ ва истифодаи ғайриоқилонаи заминро омили манфии таъсиррасон ба экосистемаҳо номида, мутобиқшавӣ ба иқлимро ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати дарозмуддати Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Роҳбари давлат зарурати ҳамоҳангии талошҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои об, иқлим ва гуногунии биологиро таъкид намуданд. Дар тӯли беш аз 25 соли охир Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ, аз ҷумла дар доираи «Раванди оби Душанбе» ва Рӯзномаи-2030, дар пешбурди масъалаҳои об саҳми назаррас гузоштааст ва соли 2028 низ дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад. Дар ин замина, масоили обшавии пиряхҳо низ ҷузъи муҳими низоми табиӣ арзёбӣ шуда, бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034 эълон гардиданд. Дар фаровард, Президенти кишвар изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамоиши мазкур ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ такони нав хоҳад бахшид.