КВД «Обу корези Душанбе» аз тамоми муштариёни гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки маблағи истифодаи оби нӯшокиро сари вақт ва тибқи нишондиҳандаҳои обҳисобкунак тавассути Низоми ягонаи пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ пардохт намоянд.
🔹 Ҳадафи асосӣ — ба роҳ мондани низоми шаффофу муосири ҳисоббаробаркунӣ, ки дар он маблағи пардохтшаванда бар асоси нишондиҳандаи воқеии обҳисобкунак муайян карда мешавад.
🔹 Муштариёне, ки обҳисобкунак надоранд, бояд маблағи хизматрасонии обро тибқи меъёр ва тартиби муқарраргардида пардохт намоянд.
🔹 Пардохти ягона ба муштариён имкон медиҳад, ки маблағи хизматрасонии обро осон, шаффоф ва сари вақт пардохт намоянд.
🔹 Иҷрои саривақтии уҳдадориҳои пардохтӣ барои таъмини фаъолияти мунтазами низоми обтаъминкунӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ аҳамияти муҳим дорад.
🙏 КВД «Обу корези Душанбе» аз ҳамкории созанда ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як муштарӣ миннатдор аст.
ПАРДОХТРО САРИ ВАҚТ АНҶОМ ДИҲЕД —
БАРОИ ОБИ БОСИФАТ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ УСТУВОР!