Бо сабаби боришоти зиёд ва зиёд шудани маҷрои оби дарёи Варзоб, оби дарё муваққатан лойолуд гардидааст. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва сифати оби нӯшокӣ, то ба эътидол омадани вазъ ва соф шудани оби манбаи обгирӣ, интиқоли оби нӯшокӣ ба як қатор маҳаллаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад.
📍 Ноҳияи Сино: шаҳракҳои 10 то 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон-1 ва 2, Испечак-1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Наврбоди боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибой, Гиҷдалабод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.
📍 Ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Варзоб, Каримов (қисман), Куприна, Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Мухтор ва Нодира.
📍 Ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Милали Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36 ва хиёбони С. Шералӣ то хонаи №24.
💧 КВД «Обу корези Душанбе» барои таъмини сифати оби нӯшокӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ вазъро таҳти назорати доимӣ қарор дода, пас аз ба эътидол омадани сифати оби манбаи обгирӣ таъминоти оби нӯшокиро дар минтақаҳои зикршуда барқарор менамояд.
🙏 Аз сокинони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки ба вазъ бо дарки масъулият муносибат намуда, барои нороҳатии муваққатӣ моро бубахшанд.
КВД «Обу корези Душанбе»