Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

БАРРАСИИ ПАЁМИ НАВБАТӢ ДАР КВД “ОБУ КОРЕЗИ ДУШАНБЕ”

5 январи соли равон бо иштироки Фозил Обидов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур, Шукрулло Наботов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва дигар намояндаҳои ҳизби ноҳия баррасиии нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Фозил Обидов оид ба тамоми паҳлӯҳои навбатии Паём андешаву таҳлилҳои коршиносона намуда, пешрафту дастовардҳои кишварро дар тамоми самтҳои афзалиятноку муҳим, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, саноату истеҳсолот, соҳаи аграрӣ дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баён намуд. Ҳамзамон оид ба саҳми соҳибкорон дар рушду пешрафти мамлакат ва дастгирии онҳо аз ҷониби Ҳукумат ва Сарвари давлат андешаҳояшро ироа намуд.

Дар фарҷом оид ба таълиму тарбияи фарзанд, огоҳии аз рафтору андеша ва муҳити фарзанд таъкидҳо намуда, изҳор дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ин масъала мубраму муҳими рӯз маҳсуб меёбад.

Основатель мира и национального единства - Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон

Пн-Пт 08:00 до 17:00
Сб-Вс Выходной