Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ

Роҳбарияти КВД “Обу корези Душанбе” бо мақсади таъмини талаботи афзояндаи аҳолии шаҳр ба оби ошомиданӣ пайваста саъю талош менамояд. Солҳои охир ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби маҳаллаҳои канории ноҳияҳои тобеи марказ васеъ гардид, ки таъмини ин маҳаллаҳоро бо оби босифати ошомиданӣ роҳбарияти корхона худро вазифадор шумурда, ҷиҳати ин масъала тадбирҳои муҳиму мушаххас андешид. Махсусан маҳаллаи Гулбутта, Гулбутта 1, Гулбутта 2, Гулбутта 3, Гулбутта 4, Гулбутта 5, ки ба оби шаҳр ниёз доштанд, баъди вохӯриву мулоқот бо раисони маҳалла ин тадбирҳо амалӣ гардид.

Дар ин минтақа 5 ҳазор хоҷагӣ ва наздик 20 ҳазор  аҳолӣ зиндагӣ менамояд.Сокинони маҳаллаҳои мазкур аз иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти корхона изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, омодаи бастани шартнома бо корхона ҳастанд.

Основатель мира и национального единства - Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон

Пн-Пт 08:00 до 17:00
Сб-Вс Выходной